Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик

22773639_1726831117624129_1912818246_n

НЕФТЕЮГАНСК. Чуноне ки қаблан хабар дода будем, Дилшод Зокиров — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо як ҳайати бонуфузи ҲХДТ дар Федератсияи Россия қарор дорад. Ин ҳайат, ки бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Маҳмудзода Р. Б. дар шаҳрҳои мухталифи Россия бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дидор ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ мегузаронад, зимни суҳбат аз шароит ва вазъи зиндагию фаъолияти онҳо огоҳ шуда, ба эшон моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротию терористӣ ва дигар масоили мубрами вобаста ба муҳоҷиратро мефаҳмонад. Дар доираи чунин чорабиниҳо Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии ҷамъияти тоҷикон ва мақомоти марбутаи шаҳри Нефтеюганс бо муҳоҷирони меҳнатии муқими ин шаҳр мулоқот барпо намуд ва бо онҳо атрофи масоили зикргардида суҳбат орост. Дар ин ҳамоиши судманд ҳамчунин вакили Думаи давлатии ФР — Белокон Андрей Александрович, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Россия — Евсеев Алексей ва намояндаи тоҷикони шаҳри Нефтеюганск Олимов Хоркаш Бобоевич иштирок ва суханронӣ карданд. Чуноне ки маълум шуд, шароити зиндагию фаъолияти кории муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр хеле хуб буда, онҳо аз пуштибонии сафорати Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон — «Сомониён» ва мақомоти шаҳрӣ бархурдоранд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ҳарчанд имрӯз дур аз Ватан ҳастанд, ҳамеша бо ёду зикри Тоҷикистон нафас мекашанд ва барои рушду ободии кишвари азизи худ меҳнат менамоянд. Муҳоҷирон тағйироти ахир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»*-ро хеле хуб пазироӣ намуда, онро яке аз сабабҳои сарфаю сарриштакорӣ ва гирифтани пеши роҳи риёву хурофот ва хароҷоти беҳуда донистанд. Зимни ин чорабинӣ ба иштирокдорони вохӯрӣ китобчаи қонуни мазкур ва шумораи махсуси рӯзномаи «Нигоҳи халқ», ки фарогири мавзуъ буд, тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>