Шанбегии ҳизбиён

бг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ аз назди гардиши Ором — и ҷамоати деҳоти Д.Холматов то шаҳраки навбунёди Сайхун ду тарафи роҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуда, шафати роҳ рӯбучин карда шуд. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин шанбегӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардорнидани муҳит саҳми худро гузоштанд. Инчунин ҷӯйборҳо аз партов ва ифлосиҳо тоза карда шуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров дар оянда низ  баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>