Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик

22782390_1727104287596812_1500096585_n

СУРГУТ. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳрҳои Нефтеюганск ва Сургути ФР бо мақсади дидору мулоқот бо муҳоҷирони кории тоҷик, Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба суроғи донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии шаҳри Сургут рафт ва бо эшон суҳбати озоду самимие баргузор намуд. Зимни чунин як вохӯрӣ, ки дар он қисми зиёди донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии таълими Сургут иштирок доштанд, Дилшод Зокиров доир ба аҳдофи мулоқот ва нақши донишҷӯёни тоҷик дар муаррифии миллату давлати соҳибистиқлоли мо сухан гуфта, таъкид намуд, ки ҳар як тоҷик берун аз ватан сафиру намояндаи фарҳангу ахлоқ ва таърихи халқу миллат мебошад. - Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо лозим аст, ки бо дарки чунин рисолат ва масъулияти бузург миллату давлати моро миёни дигар халқу миллатҳои дигар бо дониш, гуфтору рафтор ва ақлу фаросати худ муарриф бошед, фарҳангии миллии тоҷикро тарғиб намоед ва аз ақоиду ҳалқаҳои ифротии гуруҳҳои радикалу вайронкор парҳез кунед, -таъкид намуд Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ. Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба дастовардҳои замони истиқлол, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқи соҳибтаъриху ободкори тоҷик гардидаанд, маълумот дода, иброз дошт, ки рушди воқеии Тоҷикистони дар давоми 26 соли истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки мардум ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва пешбарандаи Ҳукумати мамлакат буда, барои имрӯзу ояндаи миллату давлат худро масъул медонанд. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони ҷамъияти тоҷикон, намояндагонии динии Доғистону ФР ва мақомоти шаҳр иштироку суханронӣ намуданд. Дар идомаи вохӯрӣ миёни баромадкунандагон ва донишҷӯёни тоҷик суҳбати ошкору самимӣ доир шуд, ки зимни он ҷавонон ба аксар саволҳои мубрами худ посухҳои мушаххасу дақиқ гирифтанд. Зимни ин мулоқот ба донишҷӯёни тоҷик китобчаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шумораи виҷаи рӯзномаи «Нигоҳи халқ» эҳдо гардид. Ёдрас мешавем, ки дар ин шаҳр, тибқи маълумоти ҷамъияти тоҷикон 800 нафар шаҳрвандони мо муқимӣ буда, беш аз 150 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои Сургут машғули таҳсиланд. Дидору мулоқот ва суҳбатҳои судманд Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Сургут идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>