Конститутсия бахтномаи миллат

DSC05858

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Соли Ҷавонон, 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсия дар ТИ «Маркази тарбиявӣ» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 250 нафар ҷавонон иштирок доштанд. Раҳимова М. А — мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳусни оғоз бахшид. Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ Мамадназарбекова Б. дар мавзӯъи «Конститутсия бахтномаи миллат» баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқи ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат буда, дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтори он муқаррар шудааст. Конститутсия шоҳсутуни бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрванд аст… Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна дар мавзӯъи «Иҷлосияи муҷдарасони наҷот» бо ҷавонон сӯҳбат намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ, тавлид ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва меъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Дар ин роҳ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин Иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, бениҳоят бузург аст.   Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ  ҳамчун воқеаи фараҳбахш ба таърихи Тоҷикистони навин ворид гардид, ки солгарди онро ҳар сол дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд… Аз гузаштаи таърихи Иҷлосия ду-се мисолҳо оварда шуда, ба ҷавонон орзу намуд, ки ҳамеша дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистони азиз хушбахтона таҳсили худро давом диҳанд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Раҳимова Муяссар дар ҷамъбасти вохӯрӣ дар мавзӯъи «Ҷавонон ояндаи миллат» суханронӣ намуд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебо­шанд. Агар ба саҳифаи 26 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст. Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 26 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфта­аст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем ва Ватан-Модари худро ҳимоя намоем. Аз ҷониби ҷавонон дар бораи Соли ҷавонон, Иҷлосияи тақдирсоз ва Конститутсия баромадҳо карда шуд. Вохӯрӣ дар фазои озод бо пурсиш ва посухҳои мушаххас ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>