Вохӯрӣ бо вакили Думаи давлатии ФР

22773714_1726712920969282_1196097351_n

НЕФТЕЮГАНСК. Мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Дилшод Мансурович бо вакили Думаи давлатии ФР — Белокон Андрей Александрович дар шаҳри Нефтеюганск фарогири шароти муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва дигар масоили вобаста ба ҳаёти муҳоҷирон буд, ки ҷонибҳо баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки аксар вақт муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби надонистани забони давлатии Россия, санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба муҳоҷират ва риоя накардани қоидаҳои бақайдгирӣ дучори мушкил мегарданд. Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни мулоқоти самимию ошкоро бо намояндаи мақомоти қонунгузори ФР изҳори умед кард, ки дар ҳошияи ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Россия, ки аз муносибатҳои бародаронаи сарварони ҳарду кишвар маншаъ мегирад, баъзе мушкилоти сунъии ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвари дӯст сафар мекунанд, ҳалли худро меёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>