ҲАЛНОМАИ СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТИ ИФРОТГАРОЮ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН НАМУДАНИ ҲНИТ

Sudi-oli

ДУШАНБЕ. 29 сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) — террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод. Матни пурраи ҳалномаи судиро пешкаши хонандагон мегардонем.

Ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

МУАЙЯН КАРД:

 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб ба суд бо ариза муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон-Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Мутобиқи моддаи 42 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муттаҳид шудан дорад. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсй иштирок намояд ва ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Дар асоси моддаи 8 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёсй дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастй, миллатгарой, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионй ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (минбаъд ҲНИТ) аз 4 декабри соли 1991 ташкил шуда, фаъолият менамояд. Бинобар вазъи номуътадили ҷомеа, аз соли 1992 то соли 1997 фаъолияти ҲНИТ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфта, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 дар асоси қарори Раёсати Суди Олй аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда буд ва сипас 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде таъйиноти асосии таъсиси ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсй, иқтисодй ва фарҳангии Тоҷикистон, ҳимояи якпорчагй ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини вахдати миллй ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон ва ғайра иборат бошад ҳам, вале тайи 5 соли охир аъзои он даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгарой) содир намуда, дар байни аҳолй, аз ҷумла, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятй гардида, ба асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахдид менамояд. Аз чумла, танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо доир ба ин кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судй қабул карда шудаанд. 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятй, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавй барои бо роҳи зӯроварй тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динй ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шудаанд. Дар ин давра аъзои ин ҳизб дар содир намудани куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандй доранд. Чунончи, зимни тафтиши парвандаи ҷиноятй оид ба куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт соли 2010 аз ҷониби аъзои иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов бо тахаллуси «Алии Бедакй» ва Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» муайян гардид, ки Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Хуспиддин ба ин иттиҳоди террористии бародараш Давлатов Аловуддин шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвй барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзои ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият намуда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Чунончи, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятй шомил шуда, мохи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавй, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишон-автомати тамғаи «Калашников» ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст. Карамхудоев Ш.Е. барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавй, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй, ғайриқонунй нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шуда, бо ҳукми Суди Олй аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодй маҳрум карда шудааст. Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалй  24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров» ёфта гирифта шудаанд. Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхуҷа, Шарипов Муссаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, бо ҷойи хоб ва хӯрокӣ таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятй шомил шудаанд. Сипас 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва Турсунов А. дастгир гардида, бо ҳукми суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум карда шуданд. Инчунин 11 августи соли 2015 10 нафар сокинони шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломй»-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурӯҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ- аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсй ва динй, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятй ва тарсонидани аҳолй содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунй Манонов Қурбон, роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст. Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятй нисбат ба номбурдагон идома дорад. Хамчунин парвандаи ҷиноятй оид ба ҳолати афрохтани парчами «ДИИШ» дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтишот қарор дорад. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо маслиҳати пешакй бо дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ- рӯзномаи «Наҷот» ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд. Бо мақсади бо роҳи зӯроварй ғacб карда, бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳокимият ва бо зӯроварй тағйир додани сохти конститутсионй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Муҳиддин Кабирй ва дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ бо маслиҳати пешакй бо собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигарон, зиёда аз 20 гурӯҳҳои ҷиноятиро иборат аз 15-30 нафарй дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон додаанд. Барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ, гурӯҳҳои созмондодашудаи ҷиноятӣ тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардидаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатй ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Тибқи нақшаи мазкур бояд як гурӯҳи 40- нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гурӯҳи 25- нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30- нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 25-нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 40-нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткорй ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ «Баҳористон», Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткорон ба объектҳои зикршудаи махсусан муҳими давлатй, ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятй аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралй Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалй Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад №1 ёфта гирифта шудаанд. Инчунин ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористй доро мебошанд, бо сарлавҳаи «Бародарони аҳли наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳастед!!!», дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати Олии ҲНИТ дар даъвати хеш, аз ҷумла, баён доштааст: «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор ҳар олоту силоҳе доред, бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомй дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонй мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирӯзй бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирӯзй фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед». Дар ин варақаҳо рӯирост ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурй ҳамчун режими «золимонаю бедодӣ» муаррифигардида шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат буда, мақсад ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар, сарнагун сохтани сохти конститутсионии имрӯзаро дорад. Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд. Аз ҷумла, Назарзода A.M. бо суиистифода аз мақоми хизматии муовини Вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятй, дар якҷоягй бо гурӯҳи ҳаммаслакони чиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомй навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунй ворид шуда, аз иншооти зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбй ва лавозимоти ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятй тасарруф намуданд. Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода A.M. ва ҳаммаслакони ӯ, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 -ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунй аз озодй маҳрум намуданд. Дар фосилаи зикршуда, зиёд аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода A.M. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ «Хлебзавод», воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи А. Дониш 55, ки ба Назарзода A.M., тааллуқ дорад, ҷамъ омада, ғайриқонунй бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи шикории оташфишонй, автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангй мусаллаҳ гардонида шудаанд. Ҳамчунин номбурда бо дигар аъзои гурӯҳи ҷиноятй бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунй мусаллаҳ гардонидани аъзои боқимондаи иттиҳоди ҷиноятй, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангй, аз ҷумла, 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғахои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намуданд. Минбаъд Назарзода A.M. ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятй ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шахрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакй ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона амалй намуданд. Аз маводи таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Саъдуллоев Д.Х., Орипов Р.Х., Буриев Д.Г., Ҷобиров А., Пиров И., Каримов Н.А., Шарипов Ш.М., Ёров Д.Г., Ҳасанов М.Ш. ва Саидов М.С. (10 нафар) ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонй аз силоҳи оташфишон дар беморхона бистарй гардиданд. Доир ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятй бо моддаҳои 179, 1791-1793, 189, 306, 307, 3071-3074 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба номбурдагон oғoз карда шуда, тафтишоти пешакй идома доранд. Дигар ҷиноятҳои содирнамудаи аъзои ҲНИТ ба муқобили озодии ҷинсй ва дахлнопазирии ҷинсй, оила ва ноболиғон, тартиботи ҷамъиятй ва ахлоқ равона шуда, ин кирдорҳоро, аз ҷумла, намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ, ба монанди узви Шӯрои Раёсати Олй ва раиси шуъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Сайд Иброҳими Назар ва дигарон содир намудаанд. Мушовири раиси ҲНИТ оид ба масъалаҳои сиёсй ва дар як вакт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳонидинович бо маслиҳати пешакй бо гурӯҳи шахсон яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангй ва воситаҳои таркишро ба микдори калон солҳои тӯлонй ғайриқонунй нигоҳ доштааст, ки онҳо 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира гардида, номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шудааст. Гарчанде ҳолатҳои ба фисқу фуҷур ва дигар рафторҳои зиддиахлоқй низ даст задани аъзои дигари ҲНИТ зиёд бошанд ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ягон нафари онҳоро барои ин амалҳои нанговар ва ҷиноятҳои дар боло номбурда аз сафи худ хориҷ ва расман маҳкум накардааст ва ягон маротиба оид ба нораво будани даст задан ба ифротгарой ва терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳон мебошад, изҳороте пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ ягон чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ амалӣ накардааст. Ин беамалй аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзои ҳизб ва ҳамраъйӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад. Ҳол он ки мутобиқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй» зери мафҳуми ҳизби сиёсй чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.  Ҳамин тавр, пешвоён ва аъзои ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллй, якпорчагй, соҳибихтиёрй ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Ҳолатҳои номбурда, инчунин даст кашидан аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимой, тарбияи ахлоқй ва пешгирии ҷинояткорй боиси коста гардидани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа, аз ҷумла, дар байни худи аъзои ҳизб гардида, аъзои зиёди он ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳои сершумори худ дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи ҷаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд. Раванди хориҷшавии аъзои ҲНИТ айни замон идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй мебошад, аз даст додааст. Мутобиқи талаботи моддаи 62 қисми 2 зербанди 2 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсиси он роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё беиҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манънамудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчанд маротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ, динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс, метавонад барҳам дода шавад. Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин огоҳномаҳо нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ ва идома доданд.  Ғайр аз ин, фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ буданаш дар он зоҳир мегардад, ки дар варақҳои паҳнкардаи он дар сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj, ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Точикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИ ДАР ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti хабарҳои иғвогарона нисбати роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ туҳмат ва таҳқир пахш намуда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд. Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 10 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амали шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки бо нияти расонидани зарар ба шахси дигар иҷро карда мешавад, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонун сӯиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар роҳ дода намешавад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти воқеӣ гаштааст, ҳама гунна даъватҳо вобаста ба барпо кардани сохти дигари давлатӣ танҳо боиси ҷудоиандозӣ, ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабӣ ва миллӣ гашта, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат хатари воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Аз маълумотҳои мавҷуда муайян карда шуд, ки мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад. Мутобиқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад. Бинобар ин Прокурори генералӣ, аз суд хоҳиш намудааст, ки баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористиву экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуда, нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видео сабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад. Дар маҷлиси судӣ прокурори дар мурофиа иштирок карда Рауфов Ф.Ҳ., аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра дастгирӣ карда, хоҳиш намуд, ки ариза қонеъ карда шавад. Намояндаи ваколатдори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирӣ намуда, баён кард, ки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, ки талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд. Вазорати адлия давоми солҳои 2014 ва 2015 дар фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вайрон намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва хилофи оиннома амал намуданашро ошкор намуда, чандин маротиба огоҳиномаҳо ба унвони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фиристода шуда буд. Новобаста аз ин, аз тарафи ҳизб қонуншиканиҳои содиршуда бартараф карда нашуданд. Ҳизби мазкур ҳамчун ҳизби ифротгаро амал намуда, фаъолони он бар зидди сохти конститутсионии Тоҷикистон дар байни мардум ташвиқот бурда, ҳисси бадбинй ва кинаву адоватро дар миёни мардум барангехтанд. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи ҳизб то 600 нафар одамон ҷамъ шуда, намози ҷумъаро гузошта, ба онҳо баъзе вақтҳо таом низ дода мешуданд, ки ин амалҳо бархилофи талаботи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии амалкунанда мебошанд. Ба Вазорати адлия 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурй вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ дар минтақаҳо ворид гардидааст. Гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттй оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунй ирсол карда бошад ҳам, Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бе баррасй мондааст. Аз ҷониби роҳбарияти ҳизб ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур ва эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ки собиқ аъзои ҳизб буданд, хилофи талаботи моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар фаъолияти ҳизб мушоҳида карда мешуд, ки роҳбарон ва аъзои фаъоли он давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, ба асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахдид менамуданд. Аз суд хохиш намуд, ки ариза қонеъ карда шуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористй- экстремистй эътироф карда, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва хамчун шахси ҳуқуқй барҳам дода шуда, нашри рӯзномаи «Наҷот» қать, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад. Намояндаи ваколатдори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Х-3. аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирй карда, иброз намуд, ки дар давоми панҷ соли охир Кумита як қатор қонунвайронкуниро дар фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ошкор намуд. Дар соли 2010 ба масъулини Кумита маълум гардид, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бар хилофи талаботи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динй» дар ҳудуди бинои худ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда ба адои тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динй машғул мешуданд. Роҳбарони ҲНИТ ҳар ҳафта дар ҳудуди бинои худ бо иштироки тахминан 600 нафар ба хондани намози ҷумъа машғул мешуданд. Соли 2012 маълум гардид, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳар ҳафта дар қароргоҳи худ пас аз хондани намози ҷумъа – ғайриқонунй фаъолияти таблиғотии оммавии диниро ба роҳ мондааст. Баҳри хотима бахшидан ба чунин қонунвайронкунй аз ҷониби Кумита ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттй фиристода шуда буд. Ҳамчунин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар фаъолиятҳои худ ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динй роҳ додааст. Соли ҷорй муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар фаъолияти худ талаботи қисмхои 1 ва 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»- ро вайрон карда, бо оғози мохи шарифи Рамазон, дар қароргоҳи худ бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон мунтазам намози таровеҳ гузаронида, ба онҳо таомҳо додааст, ки ин ҳолат аз вайронкунии қонунгузории амалкунанда гувоҳӣ медиҳад. Дар охир намояндаи Кумита аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шавад. Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Д. аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад. Намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ- аризаи Прокурори генералиро дастгирй намуда, чунин баёнот дод, ки технологияи иттиолотии коммуникатсионй имрӯзҳо бо суръати баланд инкишоф ёфта, марҳила ба марҳила технологияи нав иқтидору имкониятҳои боз ҳам фарохтарро ба вучуд оварда, ба ҳаёти ҷомеа ворид мегардад. Афзоиши истифодабарандагони интернет, сомонаҳои шабакаи иҷтимоӣ, блокҳо, викиҳо, пайсатҳо, форумҳо, майкроблокинг ва ғайраҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дошта, зиёда аз 3,6 миллион сокинони кишвар ба интернет пайваст карда шудаанд ва аз хизматрасониҳои гуногуни он бе махдудият истифода мебаранд. Дар шароити кунунй маълум аст, ки дилхоҳ амал дар интернет ин интиқолу қабули маълумот аст. Ҳар вақте ки дархости видео ё маводи даркоршуда ба шабакаи интернет фиристода мешавад, компютери хадамот ба сервиси зарурӣ пайваст шуда, ҷавоб мегардонд. Аз рӯи қоидаи муқаррарй мубодилаи иттилоотй тавассути протоколи махсуси техникй ичро мешавад. Лекин ҳоло дар дастгоҳҳо воситаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки дар натиҷаи амали техникй ё дар реҷаи худкор маводи лозимаи ғайриқонуниро нест кунанд. Фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористй- экстремистй буданаш дар он зоҳир мегардад, ки дар варақҳои паҳн кардаи он дар сомонаи расмй таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj, ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti рӯи рост ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ҷомеа доғдор намуда, бо мақсади ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар даъвати оммавй менамоянд. Аз суд хохиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад. Намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликов Н. ва Мирзиёев Х.И. аризаи Прокурори генералиро дастгирй намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, дар фаъолияти худ ба пинҳонкунии маблағҳои андоз машғул шуданд. Ҳизби мазкур ҳамчун андозсупоранда дар соли 2013 пардохтҳои андоз аз ҳисоби даромади шахси воқей, андози иҷтимой ва андози низоми содакардашуда, дар маҷмӯъ маблағи 17000 сомониро пинҳон намудааст. Аз суд хоҳиш карданд, ки бинобар ҷой доштани қонуншиканиҳо дар фаъолияти ҲНИТ, аризаи Прокурори генералй қонеъ карда шуда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад. Суд баёнотҳои прокурор, намояндагони Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллй ва Кумитаи андоз ва хулосаи прокурорро шунида, маводи парвандаро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулоса омад, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин қонеъ карда шавад. Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятй дар асоси равияҳои гуногуни сиёсй ва мафкуравй инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии ичтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Тавре суд муайян намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Аз соли 1992 то соли 1997 бо сабаби вазъи ноороми ҷумҳурӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фаъолияташро дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома дода, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, бо қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августа соли 1999 фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ичозат дода шудааст. Сипас, 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ҳизби мазкур ба кайд гирифта шуда, баъдан, ҳамчун ҳизби сиёсӣ 15 октябри соли 2003 аз нав ба қайд гирифта шудааст. Тибқи талаботи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвик менамоянд, манъ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳақ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд. Мувофиқи банди 1,3 Оинномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳадафҳои ҳизб дар баробари дигар ҳадафҳо, инчунин аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ҳимояти якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон иборат мебошад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштан, уҳдадор шудааст, ки Конститутсияи (Сарқонуни/ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалии этироф намудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбининамудаи Оинномаро риоя намояд. Гарчанде тибқи қонунҳо ва қоидаҳои амалкунанда ҳадафи ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон иборат бошад ҳам, вале роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизб давоми панҷ соли сипаригардида, даст ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ зада, дар байни ахолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигӣ, кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллӣ гардида, асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид намудааст. Мувофиқи далелҳои парванда аъзои ин ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар паҳн гардида, барои нооромии авзои сиёсӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ мусоидат намуда, танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои он ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин, куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳро содир намудаанд, ки нисбат ба 34 нафари онҳо ҳукмҳои айбдоркунанда қабул гардидаанд. Нисбат ба 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ  ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ парвандаҳои ҷиноятӣ oғoз карда шуда, тафтишот давом дорад. Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» шомил гардида, соли 2010 дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шудааст. Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2011 Давлатов X,. барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунахкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст. Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Xopyғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил гардида, ғайриқонунӣ бо худ яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ нигоҳ дошта, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, дар шаҳри Xopyғ ва ноҳияҳои атрофи он иштирок намуда, бо истифодаи яроқи оташфишон-автоматӣ тамғаи «Калашников» ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст. Карамхудоев Ш.Е. барои кирдорҳои содирнамудааш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 гунаҳкор дониста, ба муҳлати 18 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудааст. Роҳбари бахши вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ низ ҳамчун аъзои иттиҳоди муташаккили  ҷиноятӣ санаи 24 июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он иштирок намуда, ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомата тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров» ёфта гирифта шудааст. Шарипов Мукаррамхуҷа, Шарипов Муссаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин аъзоёни ҲНИТ, сокинони шаҳри Исфара ба ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» шомил гардида, моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» Каюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд ва бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ буданд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, бо ҷойи хоб ва хӯрока таъмин намудаанд. Рӯзи 6 ноябри соли 2009 Турсунов А., Шарипов Мукаррамхуҷа ва Шарипов Муссаямхуҷа оиди кирдори содирнамудаи ҷинояткоронаашон дастгир карда шуда, бо ҳукми суди вилояти Суғд маҳкум гардидаанд. Санаи 11-уми августа соли ҷорӣ 10 нафар сокинони шахри Норак дар пули деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Тафтишот муайян намудаст, ки дар содир намудани кирдори дар боло зикргардида, Манонов Қурбон ҳамчун роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак ва аъзои ҳизб Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев  даст дошта, ин амалҳоро бо мақсади барнагехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд, ки оид ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон тафтишоти пешакӣ давом дорад. Маҳмудов Ч-Б. мушовири раиси ҲНИТ оид ба масъалаҳои сиёсӣ бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон, ғайриқонунӣ яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои таркишро ба миқдори калон нигоҳ доштааст, ки 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ дастгир карда шуда, яроқу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардида, номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Аз ҷониби узви Шӯрои  Раёсати Олӣ ва раиси шуъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Сайд Иброҳими Назар ҷиноятҳои муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир карда шуданд. Аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои ба муқобили ҳокимияти давлатӣ равона шуда, хориҷ намудани аъзои ҳизб барои даст доштанашон дар амалҳои нанговар ва ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин, даст задан ба ифротгароӣ чораҳо андешида нашудаанд, ки ин беамалии роҳбарияти ҲНИТ шаҳодати халалдор намудани ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллӣ ва мақсади тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишори маълумоти дорои  сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зурӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, махалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зуроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст. Мутобиқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маводи мазмуни экстремистидошта манъ аст. Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои Раёсати олии ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи ҳизб рӯзномаи «Наҷот» ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Хусумати конститутсиониро тарғибу ташвик намудаанд. Чуноне аз маводи ба суд пешниҳод гардида ва баёноти намояндаи Прокурори генералӣ бармеояд бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғacб карда, бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳокимият ва бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар хилофи Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, Муҳидин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии Х.НИТ бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини Вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон, зиёда аз 20 гурӯҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро созмон додаанд. Гурӯҳҳои иттиҳоди ҷиноятии созмондодашуда тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, фаъолияти онҳоро зери назорати худ қарор диҳанд. Мувофиқи нақшаи мазкур як гурӯҳи 40-нафараи мусаллаҳ гардида аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гурӯҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилй, як гурӯҳи 25-нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40-нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ба биноҳои Вазорати мудофиа, РМЗҶМ ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ «Баҳористон», Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 Назарзода A.M. бо суиистифода аз мақоми хизматии муовини Вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи хаммаслакони худ, иборат аз 12 нафар шаҳрвандони ғайринизомй ба қисми навбатдории нуктаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриконунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намудаанд. Назарзода — A.M. бо сӯистифода аз мансаби ҳарбї бо ҳаммаслаконаш ҳаракатҳои ҷиноятии худро давом дода, муовини Вазири мудофиа, генерал-майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии №08050-ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунї аз озодї маҳрум намудаанд. Бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода A.M. дар яқ муддати кӯтоҳзиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятї дар маҳалли пешакї муайяншудаи собиқ «Хлебзавод», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода A.M. тааллуқ дорад, ҷамъ омада, ғайриқонунї бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АҚ пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонї, автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангї мусаллаҳ гардонида шудаанд. Инчунин, Назарзода A.M. бо сӯиистифода аз мақоми хизматї бо дигар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии худ бо мақсади ғайриқонунй мусаллаҳ гардонидани дигар аъзоёни иттиҳоди ҷиноятй, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-й Вазорати мудофиа ғайриқонунй даромада, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангй, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АҚ тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПҚ-ро тасарруф намудаанд. Пас аз он, Назарзода A.M. ва дигар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятй дар Ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рудакї ва шаҳри Ваҳдат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматиашон қарор доштанд, ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом додаанд, қи дар натиҷаи он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Саъдуллоев Д.Ҳ., Орипов Р.Ҳ., Буриев Д.Г., Ҷобиров А., Пиров И., Каримов Н.А., Шарипов III.М., Ёров Д.Г., Ҳасанов М.Ш. ва Саидов М.С. (10 нафар) ба ҳалоқат расида, 7 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонй аз силоҳи оташфишон, дар беморхона бистарй гардидаанд. Нисбат ба Назарзода A.M. ва ҳаммаслаконаш бо моддаҳои 179, 179Ҷ 793, 189, 306, 307, 307′-3074 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятй oғoзкарда шуда, пешбурди тафтишоти пешакй идома дорад. Ҳангоми пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятй аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралй Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалй Раҳмонович воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад хонаи №1 нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткорон ба объектҳои махсусан муҳими давлатй, дарёфт карда шуданд. Тавре, ба суд мавод пешниҳод шудааст, зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи «Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳастед!!!», дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати Олии ҲНИТ дар даъвати хеш аз ҷумла баён доштанд: (мухтасар) «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотрб медараду шуълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се- ҷаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомй дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонй мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирӯзй бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирӯзй фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед». Мувофиқи далели мазкур роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯирост ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро ҳамчун режими «золимонаю бедин» муаррифй кардаанд. Мутобиқи талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарой)» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва паҳн кардани маводи чопй, аудио ва аудиовизуалй ва дигар маводҳое, ки ақаллан як аломати дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда дошта бошанд, манъ карда мешавад. Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мақсаду ниятҳои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хилофи сиёсати имрӯзаи давлат буда, ба ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар ва сарнагун сохтани сохти конститутсионй равона карда шудаст. Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй» зери мафҳуми ҳизби сиёсй чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Роҳбарият ва аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бошанд, бо ҳар роҳу восита дини мубини исломро бархилофи муқаррароти он ба манфиати ҳизбашон истифода намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллй, якпорчагй, соҳибихтиёрй ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Мутобиқи моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқй муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динй ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятй иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Ҳизбҳои сиёсй дар асоси гуногунандешии сиёсй барои ташаккул ва ифодаи иродаи ҳалқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсй иштирок менамоянд. Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳристон аз 28 майи соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ҳизб аз 06 марта соли 2015, протоколи ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Айнй аз 20 апрели соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт оиди қатъ намудани фаъолияти ҳизб аз 29 майи соли 2015, суратҷаласаи маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар шаҳри Истаравшан аз 15 майи соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Зафаробод аз 18 апрели соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оиди қатъ намудани фаъолияти ҳизб аз 18 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Қонибодом аз 14 апрели соли 2015, қарори Ташкилоти ибтидоии Ҳавзи Баланди ш. Конибодом аз 20 январи соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Чкалов аз 15 майи соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз 11 июни соли 2015, протоколи Конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румй аз 10 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи аъзоёни бахши ҲНИТ- и ноҳияи Шаҳритуз аз 10 июни соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд аз 04 июни соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар аз 05 июни соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликӯл аз 20 апрели соли 2015, протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомй аз 25 майи соли 2015, протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомй аз 28 майи соли 2015, санад аз 08 июни соли 2015 дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликӯл, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз 15 майи соли 2015, санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз 08 июни соли 2015, санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон аз 21 майи соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015, санад дар бораи аризаи аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015, санад дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, суратҷаласаи ҷамъбастии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи аъзоёни Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён аз 10 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯшон аз 10 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015, қарор дар бораи қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015, протоколи Ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шӯробод аз 03 июли соли 2015, қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015, қарори фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Муъминобод аз 15 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Муъминобод аз 15 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонй аз 25 майи соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонй аз 25 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09 июни соли 2015, қарор оид ба фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09.06.2015, қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ аз 22 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ аз 29 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ваҳш аз 04 июни соли 2015, санади ҷамоати деҳоти Тоҷикобод аз 04 июни соли 2015, қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз 04 июни соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод аз моҳи майи соли 2015, протоколи Конференсияи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол аз 18 майи соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз моҳи майи соли 2015, қарори маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз 14 майи соли 2015, протокол оиди фаъолияти ҲНИТ дар шаҳри Душанбе аз 02 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 25 июли соли 2015, протокол оид ба фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 23 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рудакй аз 08 июли соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рудакй аз 13 июли соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳринав аз 15 майи соли 2015, протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015, қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015, протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Файзобод аз 23 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат аз 02 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Варзоб аз 24 июни соли 2015, протокол оиди фаъолияти ташкилоти ибтидои бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор аз 03 июни соли 2015. Аз мазмуну мундариҷаи ҳуҷҷатҳои зикргардида бармеояд, ки шаҳрвандони аъзои ҲНИТ буда, аз нақшаву ниятҳои нопоки роҳбарони ин ҳизб оиди даст доштан ба ҷиноятҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ ва дар байни аҳолӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтани онҳоро фаҳмида, бо хоҳиши худашон аз узвияти ҳизб баромада, талаб карданд, ки фаъолияти бахшҳои ибтидоии ҲНИТ дар вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қатъ карда шаванд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд. Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд. Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст. Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст. Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст. Дар ин замина амали Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон оиди бебаррасӣ мондани қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва аризаи аъзоёни ҳизб дар бораи қатъ гардидани аъзогиашон ва барҳам додани бахшҳои ҳизб ғайриқонунӣ буда, хилофи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи ҳизб мебошад. Мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» шаҳвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аъзои ҳизби сиёсӣ шуда наметавонанд. Суд муайян кард, ки роҳбарияти ҲНИТ бархилофи талаботи қонуни дар боло зикргардида амал намуда, санаи 1 январи соли 2010 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Райҳонаи Юсуфӣ санаи таваллудаш 5 майи соли 1994-ро ба аъзогии ҳизби ҲНИТ қабул намудааст. Мутобиқи талаботи моддаи 62 қисми 2 зербанди 2 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсиси он роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манъ намудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчандмаротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ, динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс, метавонад барҳам дода шавад. Инчунин, суд ба далелҳои парванда баҳои ҳуқуқӣ дода, муайян кард, ки ҳизби мазкур на ҳамчун ҳизби сиёсӣ, балки ҳамчун ташкилоти динӣ фаъолият намуда, дар давоми фаъолияташ бо дағалона вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳ дода, ғайриқонунӣ дар қароргоҳи худ бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намоз, хӯрдани таом, баргузор намудани маросимҳои динӣ, адои тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ чорабиниҳо дойр намудааст.Вазорати адлия давоми солҳои 2014 ва 2015 ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон оиди бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта чандин маротиба огоҳиномаҳо ирсол кардааст, аммо роҳбарияти ҲНИТ ба ин муроҷиатҳои хаттӣ нигоҳ накарда, амалҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, нақшаи ғасби ҳокимияти конститутсиониро тарҳрезӣ намудааст.Ҳамзамон, суд муайян кард, ки ҳизби мазкур ҳангоми фаъолияташ талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, ҳамчун андозсупоранда дар соли 2013 пардохтҳои андоз аз ҳисоби даромади шахси воқеӣ, андози иҷтимоӣ ва андози низоми соддакардашуда, дар маҷмуъ маблағи 17000 сомониро пинҳон намудааст. Мувофиқи далелҳои ба суд пешниҳодгардида, фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар варақаҳои паҳнкардаи он дар сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/ti, ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби, наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti хабарҳои иғвогарона ва туҳмату таҳқир нисбати роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пахш намуда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овардааст.  Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 10 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амали шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки бо нияти расонидани зарар ба шахси дигар иҷро карда мешавад, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонун сӯиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар рҳх дода намешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, ҳама гуна даъватҳо вобаста ба тағйир додани сохти конститутсионӣ пеш аз ҳама ба поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти миллию давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабӣ, оварда мерасонад. Миллати тоҷик сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва ба баҳои ҷони садҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварда, имрӯз дар фазойи орому осуда кору зиндагӣ дорад. Ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвар тибкд Конститутсия ва қонунҳо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодия ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳамагуна иттиҳодияҳои ҷамъиятии хилофи арзишҳои башарӣ буда, манъ аст. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин хатарҳо боиси нооромии кишварҳо ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ гардидааст. Давлати Тоҷикистон ҷонибдори мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофшуда дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо ва ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муборизаро зидди экстремизм амалӣ мегардонанд, ҳамкорӣ мекунад.Далелҳои дар боло зикргардида шаҳодати онанд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон солҳои охир хилофи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият карда, мақсади асосии он ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъсис додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ, дигар воситаҳои ахбори омма, даъват намудан барои бо роҳи зурӣ сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллию давлатӣ равона шудааст. Мутобиқи қисми 2 моддаи 171 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Аз ин рӯ, суд ба хулоса омад, ки баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористиву экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террорйстӣ-экстремистӣ эътироф карда, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуда, нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад:

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 198-203 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд; —

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад. Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад. Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд. Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Novyj-risunok-1-15

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>