Танзими маъракаҳо-инқилоби маънавӣ

depositphotos_8425285-stock-photo-old-book-with-feather-and

Дар ҳошияи мақолаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С. С.  «Чаро инқилоби маънавию фарҳангӣ»

АНДЕША. Тавре Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳмияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.»  Дар зарфи даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мардум имкон дода шуд, ки моҳияти танзимро дар зндагӣ воқеан санҷанд ва оид ба зарару манфиати он андеша кунанд. То қабули қонун дар шаҳру деҳоти Панҷакент тӯйҳо як ҳафта давом мекард. Барои худнамоӣ тӯйдорон ҳофизони номдорро бо маблағҳои калон ба тӯй даъват мекарданд, бузкашӣ ташкил мекарданд. Дар маросими дафн оши сари тахта ва хайрот  медоданд. Дар рӯзҳои иди Қурбон ва Рамазон ба одамон нон медоданд. Баъди  қабули қонун ба ҳамаи ин расму оинҳои зиёдати хотима дода шуд. Ҳамин тавр урфу одатҳои хуруфотӣ ва зиёдатӣ ба мусобиқаи байни ҳамдигарии шаҳрвандон табдил ёфта зиндагии мардумро ғорат, сатҳи камбизоатиро нигоҳ медошт. Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шароити ниҳояти вазнин дар давлатҳои гунонгун кор карда ба падару модар ва наздикони худ маблағ мефиристонданд асосан сарфи ҳамин расму ониҳои маъракаҳо мешуд. Пас аз баргузории маърака ва хонадоршавӣ қарздор шуда боз ба Россия мераванд.  Ҳадафи асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубориза алайҳи исрофу хурофотпарастӣ аст, на инкори моҳияти ҷашну маросимҳои мардумӣ. Шароити имрӯзаи зиндагӣ моро вазифадор менамояд, ки ба ҷои сарфаи беҳуда маблағҳои худро дар кори хайру савоб ободии ватан харҷ намуда диққати бештарро сарфи таълиму тарбия ва омӯзиши фарзандони худ намоем. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур саривақти буда дар беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии мардум ҳаматарафа ёри мерасонад. Таҳлилҳои Фаттоҳзода С. С.  ҳар як шаҳрвандро ӯҳдадор менамояд, ки ба ин қонун риоя намуда аҳли оилаи худро аз ҷаҳолату таасуб раҳоӣ бахшанд. Зеро ин танзими маъракаҳо инқилоби маънавӣ аст.

        Б. Лутфуллоев
Мудири шӯъбаи итиллоот ва таблиғоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>