Варзиш гарави саломатист

20120106_075254

АЙНӢ. Дар асоси нақша чорабинии КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии№47, деҳаи Пасруди Ҷамоати деҳоти Фондарё, ба муносибати фарорасии  Иҷлосияи 1уми  тақдирсоз, таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавононмусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи давидан ба масофаи 100м, кашидани вазни худ, партофтани норинҷак, пӯшидани ниқоби зидди газӣ, бозии шоҳмот ва валейбол гузаронида шуд. Нахуст, хонандагони синфҳои 8 ва 9 дар намуди шоҳмот қувваозмоӣ намуданд.  Сипас, хонандагони синфҳои 10 ва 11 оиди варзиши давидан ба масофаи дур, кашидани вазни худ, партофтани норинҷак, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, бозии валейбол мусобиқаро оғоз карданд.  Толибилмон, барои дарёфти ҷойҳои намоён байни худ рақобат намуда, ҳар яке маҳорати баланди варзишии худро нишон медоданд. Аз рафти мусобиқа оиди шоҳмот, хонандагони синфҳои 8 аз хонандагони сифҳои 9 қобилияти зеҳнии бештар нишон дода, ғолибиятро ба даст оварданд. Ҳамчунин, мусобиқаи варзишие, ки дар байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 баргузор гардид, хонандагони синфҳои 10 маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи намоён гаштанд. Барои қадршиносӣ намудани хонандагони лаёқатманд аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ғолибон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  Устодон ва толибилмони ин боргоҳи илму маърифат зимни сӯҳбат изҳори қанотмандӣ намуда, қайд карданд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо саривақтӣ ва хело манфиатовар буда, минбаъд имконияти тарбия намудани  варзишгарони сатҳи вилоят ва ҷумҳуриро пеш меоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>