Шоҳмот – варзиши ақлонӣ

4-умин чемпионати чумхуриявии шохмот3

ДЕВАШТИЧ. Бо ибтикори Клуби шоҳмотбозони навраси «Манумеҳр ва Рустам» бо сарварии Академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ – Муним Абдусамадов, Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ бо сарварии устогди варзиш, довари дараҷаи байналмилалӣ – Илҳом Юнусов ва дар якҷоягӣ бо намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич ва бахши ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солҷашни Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд чорумин чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот доир гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар шоҳмотбозони наврасу ҷавон ва таҷрибанок аз ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон ҷамъ омада, бо иштироки устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ҷоизадори мусобиқаҳои байналхалқӣ –4-умин чемпионати чумхуриявии шохмот Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони 4-каратаи Тоҷикистон байни бонувон – Мутрибаи Илҳом гузаронида шуд. Мавриди зикр аст, ки сабабгорони интихоби ҷои баргузории чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Шоҳҷаҳон Саидови 11 сола ва Рухшона Саидоваи 13 сола мебошанд, ки зодагони ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, дар чемпионати ҷумҳуриявии қаблӣ соҳиби медали тилло гардида буданд. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, иштирокчиён бо шавқу рағбати зиёд байни ҳам ва бо чемпионҳои номӣ сабқат варзиданд. Дар хотимаи мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот ба ғолибон, иштирокчиёни фаъол ва ташаббускорони баргузории он сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>