Иҷлосияи наҷотбахш

DSC05832

ГУЛИСТОН. Бахшида ба «Соли Ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ТИ шаҳраки Сирдарё, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 85 нафар ҷавонон иштирок доштанд.   Раҳимова М. А — мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар мавзӯъи «Иҷлосияи наҷотбахш» сухан кард. 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон комилан давлати мустақил гардид. Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишон ва дорандаи Суруди миллӣ муаррифӣ шуд. Ин орзуи деринаи халқ буд, зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи  истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Давлати ҷавони тоҷик аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуд. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992  дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як мафҳуми басо воло аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози миллатро иброз менамояд:  «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навро ташаккул ва тақвият дода, тамоми монеъаҳо ва саддаҳои дорои хусусияти ғоявию сиёсиро бартараф намуда, ба эҳёи фарҳангию таърихии халқ ва мамлакат оғоз бахшид…  Қосимова К. М — Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар мавзӯи «Террозим ва экстремизм-падидаҳои номатлуб» баромад намуда, кайд кард, ки дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист». Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист. Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст. Маънои аслии экстремизм канораҷӯӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Ин амали номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Терроризм ва ифротгароӣ махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад… Мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавонон фаҳмонида шуд, ки ин равияҳо барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона аст.  Дар итмоми вохӯрӣ оид ба  шабакаи иҷтимоии вайбер  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, вохӯрӣ бо пурсиш ва посухҳои мушаххас ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>