Конститутсия -бахтномаи миллат

IMG_4339

ПАНЧАКЕНТ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент бо кормндони идораи кумитаи замин ва корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайри манқул оид ба мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» мулоқот  барпо гардид. Мулоқотро раиси ташкилоти ибтидоӣ Бурҳонов Баҳром ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ ахборот дод.  Ӯ қайд намуд, ки имрӯзҳо тайёри барои сазовор ҷашн гирифтани «Рӯзи Конститутсия», «Рӯзи Президент» ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон идома дорад.Дар мулоқот мудири шӯъбаи иттиллоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Б. Лутфуллоев  дар мавзӯи «Конститутсия –бахтномаи миллат» суханронӣ намуда, оид ба ҳуқуқу озодихоҳи шаҳрвандон, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда суханрони намуд. Ӯ қайд намуд, ки Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташакулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардиданд ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар охири мӯлоқот мудири шӯъбаи иттиллоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Б. Лутфуллоев  ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳо гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>