«Пешвои миллат — Раҳнамои ҷавонон»

presidebt_book_

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. «Пешвои миллат — Раҳнамои ҷавонон» — таҳти чунин унвон иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оғоз гардид. Мақсади иқдоми мазкур омӯзиши китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Машғулияти нахустин санаи 31 октябр аз рӯи асари «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (Аз Ориён то Сомониён) оғоз гардид. Сарфароз Фаттоҳзода баромад намуда, таъкид кард, ки «ин китоб аз зумраи асарҳои беҳтарини Пешвои миллат мебошад, ки аз он оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст. Омӯзиши он дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад». Тибқи барномаи тасдиқшуда то охири сол ҳамзамон омӯзиши китоби дигари Пешвои миллат — «Чеҳраҳои мондагор» низ ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи асосии ба роҳ мондани омӯзиши ин китобҳо пеш аз ҳама, шиносоӣ бо гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ, рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон арзёбӣ мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>