Қасри Арбоб рамзи ба ҳам омадани миллат

P71013-140123

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба пешвози ҷашнгирии 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон таҳти унвони «Қасри Арбоб рамзи ба ҳам омадани миллат» вохӯрӣ доир намуд. Конфронсро мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки «агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи прогресси техникии Фаронсаву Аврупо манораи «Эйфел», аҳромҳои Миср рамзи тавоноии шоҳон — «Фиръавнҳо»-и ҷаҳон, «Тоҷмаҳал» рамзи бунёдкориву ишқи беолоишу самимӣ бошад, Қасри «Арбоб» дар таърихи мо – тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддасотамон – Истиқлолияти комили миллиамон мемонад ва бо гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад». Ҳамчунин роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба Истиқлолияти давлатӣ, таърихи ҲХДТ ва корҳои ободкориву созандагӣ имрӯзи ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаҳои тарғиботӣ дастрас гардонд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>