Ҳуҷҷати тақдирсози миллат

IMG_3563

МАСТЧОҲ. Тибқи нақша — чорабинии кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия баргузории ҷаласаҳо оид ба солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии массисаи нигаҳдории роҳи ноҳия чунин мулоқот доир шуд. Раиси кумиҷроия Дилшод Зокиров дар бораи моҳияти таърихӣ ва ҳадафҳои Конститутсияи Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ин коргоҳ азм карданд, ки дар соли ҷашнии кишвар нақшаҳои ба зиммашон гузоштаро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>