Бахтномаи миллат

image-0-02-05-e9736ed878a9b9fa6f27a91614f3e92a1c3252dcc7cf5288fe94ab725cdd676d-V

БӮСТОН. Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Нахуст аз нақши ин бахтномаи миллат раиси кумиҷроия сухан гуфт. Қайд карда шуд, ки дар бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон Конститутсия нақши муассир дорад. Маҳз бо қабули ин санади муҳим халқи тоҷик меъёрҳои ҳуқуқу озодиҳои худро муайян намуд ва ба ҳаёти озоду осоишта қадам гузошт. Баъдан мудири шӯъбаи МИҲД-и шаҳр баромад намуда, ҳамагонро бо ин санаи таърихӣ аз номи раиси шаҳр табрик гуфт. Вохӯрӣ хеле судманд анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>