Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

ШАҲРИСТОН. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи байни интихобкунандагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ бо ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб силсилаи вохӯриҳо доир карда шуд. Тавре ки раиси кумиҷроия Рустам Қодиров иттилоъ дод, пас аз мулоқоти Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода бо фаъолони ҳизби ноҳия ва супориши роҳбарияти ҳизб, вакилони Маҷлиси ноҳиявии вакилони халқ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҳавзаҳои интихоботиашон бо интихобкунандагон вохӯрданд. Дар рафти вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда, вакилон ба пурсишҳои интихобкунандагони худ посух доданд. Ин амал дар як вақт ба тақвияти ҳамкории кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мусоидат намуд. Дар баробари ташкили чунин вохӯриҳо дар миқёси ноҳия шунидани ҳисоботи вакилон дар маҷлисҳои ҳизбӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>