Оғозбахши таърихи навин

111

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар иртибот бо ҷаласаҳои Шӯрои Олии 25 сол муқаддам дар Қасри Арбоб баргузоршуда бо фаъолони ҳизб мулоқот ороста шуд. Мулоқотро Роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ Зоҳидов Фаррухҷон ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо мақсади мулоқот ошно намуд. Дар ҷараёни он Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Сарфароз Фаттоҳзода аз ҷумла гуфт, ки агар аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватан назар афканда шавад, мушоҳидаи он душвор нест, ки маҳз Иҷлосияи таърихии ХVI сароғози таърихи навини мо гашт. Он ба марҳилаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам гузошт. Мулоқоти мазкур судманд ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>