Конфронс бахшида ба Рӯзи Конститутсия

IMG_9673

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо ибтикори кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ дар маҷлисгоҳи ҳизб конфронси илм-амалии олимони ҷавони вилоят бахшида ба Рӯзи Сарқонуни кишвар баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъруф Акбарзода ифтитоҳ карда, ҳадафи гузаронидани конфронси илмиро шарҳ дод. Табрикоти Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзодаро Роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ Фаррухҷон Зоҳидов ба  самъи ҳозирин расонд. Баъдан олимони ҷавон Шӯҳрат Саидов дар мавзӯи «Нақши иҷлосияи тақдирсоз дар рушди низоми сиёсӣ-иҷтмиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси шурои духтарони кумиҷроияи вилоятӣ Азиза Мирзохӯҷаева дар мавзӯи «Конститутсия-Бахтномаи миллат» ва магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фархунда Ҳакимова дар1111 мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Тоҷикстон: моҳият ва ҳадафҳои он» маърӯзаҳои пурмӯҳтавои имлӣ карданд. Барои баргузор намудани чунин чорабинии бонуфуз аз номи ҷавонон Меъроҷ Абдураҳмонов ба ташкилкунандагон ва роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ арзи  сиспос кард. Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба маърӯзачиён Шӯҳрат Саидов, Азиза Мирзохӯҷаева ва Фархунда Ҳакимова барои иштироки фаъолона ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво Ифтихорномаи кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>