«Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон»

Обложка Чавонон - пайрави Эмомали Рахмон

КУМИҶРОИЯИ МАРКАЗӢ. Бо ҳамин ном маҷмуаи мақолаҳои олимони ҷавони Тоҷикистон оид ба ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии   ҷавонон бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нашриёти “Эр-граф” дар ҳаҷми 464 саҳифа бо теъдоди 400 нусха аз чоп баромад. Китоби «Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон» аз чоп баромад. Китоби мазкур 74 мақолаи олимони ҷавони Тоҷикистонро оид ба дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаро мегирад. Маҷмуа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия ва бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб нашр гардида, армуғони хубе барои олимони ҷавони Тоҷикистон аст. Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Таъсиси Стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат аз намунаи хуби дастгирии ҷавонон ва олимони ҷавони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамасола ҳудуди 50 нафар ҷавонони кишвар барандаи ин стипендия мегарданд. Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зери партави сулҳу дӯстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шудааст, ки он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои он, иштироки фаъолона дар маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳо баромад мекунад. Тарбия намудани шахсиятҳои соҳибкасбу ҳунарманд ва донишвару ватандӯст вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба монанди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии он «Созандагони Ватан» мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар замони истиқлолият, махсусан баъд аз эълон шудани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам омадааст. ҲХДТ минбаъд низ дар масъалаи дастгирии ҷавонон ва олимони ҷавони Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида, изҳори умед мекунад, ки ин қишри бунёдкор аз доштани истиқлолияти воқеӣ, ваҳдати миллӣ ва соҳибдавлату соҳибватан будан хулосаҳои дуруст бароварда, бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагиро ҳифз хоҳанд кард. Аз ин маҷмуа хонанда нигоҳи наву тоза ва замонавии ҷавонони кишварро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва инъикоси хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва пешрафтаю шукуфо хоҳанд дарёфт.  Китоб дар мавриди нақшаю коргузориҳо, ташаббусу иқдомҳои ҷавонон, пешниҳоду таклифҳои онҳо дар амри шукуфоии Ватани маҳбубамон нақл мекунад ва он барои кулли ҷавонон ва доираи васеи алоқамандон аз манфиат холӣ нест. Маҷмуа ҳамчун манбаи иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>