Аз саодат аз сафо гуем сухан

IMG_4348

ПАНҶАКЕНТ: Дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои фархундаи соли 2017 дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони кумиҷроия, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси навбатии  ҳизбӣ баргузор гардид. Маҷлис таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оғоз гардида, дар он се масъала  фаъолияти Шӯрои собиқадорон дар нуҳ моҳи соли равон, аҳамият ва моҳияти тағйироту иловаҳо ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» марвиди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба фаъолияти  Шурои собиқадорон дар нуҳ моҳи соли равон гузориши раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида шунида шуд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб қайд намуд, ки собиқадорони ҳизб  дар ҳаёти ҳизбӣ ва ҳам дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар давоми ин муддат бо иштироки онҳо дар мавзӯҳои муҳими рӯз чандин суҳбату мулоқотҳо баргузор гардид. Собиқадорон дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, тарғибу ташвиқи зиндагонии  шоиста ва осудаю хуррам, бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва меҳнатдустию касбомӯзӣ саҳми назаррас доранд. Ҳизбиёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  бо сарварии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода дар сохтмони як хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиии деҳаи Амондара саҳми муносиб гузошта ба суратҳисоби зарардидагон 50 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида, ҳизбиёни шаҳр  сӯзишворӣ, маводи хурока ва ашёи рӯзгор ба зарардидагон кӯмак намуданд.  Дар байни аҳолӣ оид ба шарҳи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллии кишвар, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корбарӣ намуда истоданд. Дар маҷлис оид ба қадру қимати об, истифодаи сарфакоронаи он, мавҷудияти чашмаҳои мусаффо ва захираи оби тозаю ширини нӯшокӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мушкилоти мардуми як қатор давлатҳои сайёра оид ба дастрасӣ ба  оби тозаи нӯшокӣ, аҳамияти таърихии иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  амалигардонии Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаҳои мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрӣ  Лутфуллоев Бурсӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки соҳаи кишоварзӣ ва зиндагони ҳаррузаи мардумро бе об тасаввур кардн мумкин нест.  Дар суханронӣ мардум ба тоза нигоҳ доштани об, сарфарона истифода намудани об, тоза нигоҳ доштани он дар ҷуйборон, чашмасорон ва дар ҳаёти ҳарруза даъват карда шуданд. Дар идомаи маҷлис раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода зикр намуд, ки санаи фархундаи Рӯзи Конститутсия ид дар ҳар хонадон аст. Конститутсия дар ҳақиқат китоби бахти мардуми Тоҷикистон буда ба мо тамоми ҳуқуқу озодиҳоро таъмин намудааст. Ҳоло Конститутсияи мо дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон дониста шудааст. Барои мо Тоҷикистониён се мафҳум- Истиқлолият, Конститутсия ва Ваҳдат маҳфҳумҳои аз ҳама беҳтарин ба ҳисоб мераванд. Шукурзода Мурод дар идомаи сухани худ гуфт, ки Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, дар такмили сохтори  давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон арзишмандтарин санад ба ҳисоб меравад.  Конститутсия-  бахтномаи миллат ва санади тақдирсози имрӯзу фардои давлату халқи Тоҷикистон мебошад.  Мо бояд ба Конститутсия эҳтироми баланд дошта бошем, Талаботҳои онро риоя намоем. Дар идомаи маҷлис раиси кумиҷроия  оид ба аҳамияти таърихии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар самти барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва меъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон асос гузошта, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон мебошад ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи Тоҷикистони навин андешаҳояшро баён намуд. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ сарчашмаи оғози ташаббусҳои бузург, андешаҳои нав, эҷодкорию ихтироот барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебо­шад,- гуфт ӯ.  Дар маҷлис оид ба фаъолияти Шӯрои собиқадорон,  моҳияти Конститутсия, аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ва амалигардонии Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», оқилонаю сарфакорона итифода намудани қувваи барқ ва дигар мавзӯҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи шаҳрвандон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нурафшони Шабакаҳои барқии Панҷакент Шарифов Шоҳрух, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Рӯдакӣ Рофиева Фотима сухан гуфтанд. Дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корманди шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Калонов Олимхон иштирок ва суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>