Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ

20171031_092049

КОНИБОДОМ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Конибодом беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад ва бо ҳамин мақсад  гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо роҳбарии мудири шӯъбаи ташкилӣ Ҳоҷиев Ф ва мудири шӯъбаи ҷавонони ҳизб Шарипов А якчанд ташкилотҳои ибтидоиро аз санҷиш гузарониданд. Ташкилотҳои ибтидоии Раёсати омор, Ҷамъияти матлуботи шаҳр, ҶС Орёнбонк, Маркази ташхиси минтақавии шаҳр, КВД Тоҷиксуғурта, ки гурӯҳи корӣ ба ончо ташриф оварданд, дорои утоқи кории алоҳида буда, гӯшаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб насб карда шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва бартараф намудани баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта, мӯҳлат ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>