Вохӯрӣ бо занони фаъол

20171026_143939

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри фаҳмонидани муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» воридгардида, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, вайроншавии оилаҳо ва рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки Рустамзода Қумринисо- мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ ва муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола бо занони фаъоли Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз вохӯрӣ доир гардид. Дар суханронии худ Рустамзода Қумринисо қайд намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оиди танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросимҳо қайд намуда буданд, ки: «То расму ойин, ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хориҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу тадбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳимми зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Яке аз омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо таваллуди фарзанди носолим ба ҳисоб меравад. Чӣ тавре ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоту санҷишҳо муайян намудаанд, сабаби асосии таваллуди кӯдаки носолим ин никоҳи хешутаборӣ мебошад. Моро зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем. Падару модар пеш аз хонадор кардани фарзандон бояд онҳоро ба ҳаёти оиладорӣ омода намоянд. Аз никоҳи хешутаборӣ худдорӣ карданамон зарур аст. Албатта бояд домоду арусшаванда пеш аз тӯй аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муоинаи тиббии хонадоршавандагон дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон гузаронида мешавад. Муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола оиди рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд. + қайд кард, ки падару модар бояд ба таълиму тарбияи фарзандон бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, ба рафти таҳсили онҳо назорат карда бо мактаб ҳамкорӣ намоянд. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, одамгарӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми калонсолону ҳамсолон тарбия намоем, то ки дар оянда шахсони сазовор шуда, ба халқу ватани хеш хизмат кунанд. Дар охир саволу ҷавоб баргузор гардида, иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>