Конститутсия — бахтномаи миллат

IMG_2422

АЙНӢ. Бахшида ба истиқболи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ сӯҳбати мизи мудавварро дар мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” дар Литсейи “Айнӣ”бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён роҳандозӣ намуд. Нахуст директори Литсей Саидов Илҳомқул бо сухани ифтитоҳӣ сӯҳбатро оғоз намуд. Сипас Раиси Комиҷроия Қобилзода Абдуғанӣ доир ба санади сарнавиштсози миллат –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки “Конститутсияи  Ҷумхурии  Тоҷикистон  аз ҷониби  Созмони  амнияту  хамкории Аврупо яке  аз  панҷ  Конститутсияҳои беҳтарини  давлатҳои  аъзои  ин  ташкилоти   муътабари   байналмилалӣ   эътироф гардидааст ва ба  арзишхои  башарӣ такя  намуда, дорои  як  силсила  хусусиятҳои  хос мебошад. Яке  аз бобхои   Конститутсияи  мо  ба  ҳуқуқу  озодӣ,  вазифаҳои   инсон  ва шаҳрванд бахшида  шуда, дар  ҷомеа  мавкею  манзалати  он  дар   сатҳи  хеле  баланд  муқаррар гардидааст. Дар  асоси  моддаи 17 Конститутсия  дар  назди   конун ҳама  баробаранд  ва  барои  ҳама сарфи  назар  аз   миллат, наҷод , ҷинс, забон, эътиқоди динӣ,  мавкеи сиёсӣ, вазъи  иҷтимоӣ, маълумот  ва  молу   мулк ҳуқуқу озодихо  кафолат  дода  мешаванд”. Омӯзгорони Литсей низ оид ба мавзӯи зикршуда изҳори ақида намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>