Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

darvoza-spitamen

СПИТАМЕН. Дар маҷлисгоҳи МТМУ №13-и Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ бо иштироки кормандони ҷамоат, мадару модарон, омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, сардори ШВКД-и ноҳия Зуҳурзода Шамсиддини Боймурод, намояндаи шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Парвиз Амрихудоев иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон аз устодони мактабҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳар як вохӯриву чорабиниҳо бо волидайн суҳбатҳо гузаронида, дар таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамияти зоҳир накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. Саривақт ҷавонони гумроҳро аз роҳи хато бозгардонида, ба забономӯзӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ раҳнамоӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>