Хизмат ба ватан ифтихори ман буд

Recoverd_jpg_file(328)

ПАНҶАКЕНТ. Дар  қатори дигар шаҳрвандон ҷавонмардони боору номуси ватан сержант Ҷӯмаев Азизҷон ва Қодиров Умед аз шаҳри Панҷакент ду соли хизмат ба ватанро дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент бо сари баланд адо намуда, ба хонаашон баргаштанд. Онҳо дар суҳбат бо Алишер Амонов.- роҳбари дастгоҳ-роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  иброз доштанд, ки аз хизмат ба Ватан ифтихор мекунем. Давраи хизмат ба Ватан барои мо давраи обутоб ёфтан ва тарбияи ҳаётӣ гирифтан буд. Қодиров Умед қайд намуд, ки ман дар хизмат дӯстони зиёд пайдо намудам. Сатҳи ҷаҳонбиниам дигар шуд. Ватан- модарро ҳарчи бештар дӯст доштам. Мамнунам, ки таи ду сол баҳри ҳифзи Ватан, тинҷию амонии Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ намуда бо рутбаи серҷант ба хона баргаштам. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавони боору номус ва ватандор аст.  Сипас Ҷӯмаев Азизҷон иброз дошт, ки дар тӯли хизмати ман кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сарварии Мурод Шукурзода ба айёдати аскорон ба қисми низомии мо ташриф оварданд. Шукри ин истиқлолият мекунем, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дорем. Мо ба ҷавонон муроҷиат мекунем, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ накунанд. Ҳамчун фарзанди содиқ ба Ватан хизмат намоянд. Бояд таъкид намуд, ки ҳар сол дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъват ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт иҷро мешавад. Дар айни замон нақшаи гусели тирамоҳи ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ 83 фоиз иҷро гардида гусели ҷавонон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>