Ҷаласаи Шӯрои собиқадорон

20171027_102303

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 23 нафар аъзо 19 нафар иштирок доштанд. Ҷаласа ду масъала: таърихи баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; интизоми меҳнат ва иҷроияро баррасӣ намуд.Ҷаласаро раиси Шӯрои собиқадорон Анвар Ҷалилов ифтитоҳ бахшид. Аз рӯи масъалаи якум собиқадори ҳизб Карамулло Одилов баромади пурмӯҳтаво кард. Ӯ бо факту далелҳои аниқ аз он рӯзҳо хотираҳои хешро ба самъи ҳозирин расонида, аз вазъияти даҳшатбори сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба сари давлату миллат бадбахтиҳо оварда буд, ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки 5-уми майи соли 1992 баъд аз ба ҳалокат расонида шудани вакили Шӯрои Олӣ Муродалӣ Шералиев оташи ҷанги шаҳрвандӣ қисми ҷанубии кишварро фаро гирифт. Дар ин ҷанг Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари молиявӣ дид. Зиёда аз як миллион нафар гурезаи дохилӣ шуданд. Беш аз 80 ҳазор нафар тоҷикистониён ба Афғонистон фирорӣ шуданд ва зиёда аз 195 ҳазор нафар дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагонии муваққатиро интихоб намуданд. Зиёда аз 35 ҳазор муассисаҳои томактабию мактабӣ валангор, бонкҳо вайрон ва ғорат карда шуданд. Тоҷикистон қариб ба маҳву нобудшавӣ расида буд. Баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 ва ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон асос гузошт. Ақли солим ғалаба кард ва ду гурӯҳи мухолиф сари мизи оштӣ ба ҳам омаданд. Тоҷикистон аз вартаи фаношавӣ раҳо ёфт.  Маҳз Иҷлосияи тақдирсоз ва сулҳофариву сулҳоварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба авҷи тараққиёту пешравӣ дар тамоми соҳоти хоҷагии халқ шарафёб гардид. Раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокироев, устоди ДДХ Ӯғулой Умаралиева, чанде дигарон ба музокира баромада, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ андешаҳои хешро баён намуданд. Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов оид ба интизоми меҳнат маълумот дода, ба фаъолияти чанде аз шӯрои собиқадорони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо эрод гирифт ва барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>