Расонидани ёрии методӣ

DSC_4794

ГУЛИСТОН. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ» тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санҷиш гузаронида шуд. Раҳимова Муяссар — мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва Қосимова  Каромат — Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-ро  аз назар гузарониданд. Оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбари ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ» Мадаминова Г. суҳбат намуд ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд. Рӯйхати санадҳои меъёрӣ, вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ пешкаш карда шуда, маслиҳатҳо барои пурра ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ расонида шуданд. Тибқи нақша оид ба расонидани ёрии методӣ ба Ташкилотҳои ибтидоӣ  кор давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>