Аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба хизмати Ватан-Модар омода аст!

20171030_103937

АШТ. Эълон гардидани «Соли 2017 – Соли ҷавонон» ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос, хосатан ҷавонони бонангу номуси ноҳияро рӯҳу илҳом ва неруи бузург бахшида истодааст. Чавонписарони синни даъватӣ имрӯзҳо бо хоҳиши худ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, баҳри хизмати Ватан-Модар рафта истодаанд, ки дар байни онҳо ҷавонони ҳизбӣ низ ҳастанд. Рӯзи гузашта Каримов Лазиз Ҳасанҷонович аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» зимни суҳбат бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия арзёбӣ намуд, ки ихтиёран барои адои хизмати Ватан сафарбар гардида, қарзи шаҳрвандии хешро мехоҳад бо сари баланд иҷро намояд. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар навбати худ ба аъзои ҳизб Каримов Лазиз сипосгузорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки даъватшаванда содиқона хизмати Ватанро ба анҷом расонида, бо сари баланд ба назди пайвандонаш боз мегардад. Зимни сӯҳбат инчунин бобати сол аз сол беҳтар гардидани шароит дар қисмҳои ҳарбии мамлакат, анъанаи ҲХДТ оид ба ҳамасола ба роҳ мондани аёдати сарбозон сӯҳбати самимӣ ороста шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>