Машғулияти навбатии Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ

курси 2

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Тибқи барномаи Мактаби бозомӯзии захираи кадрии назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машғулияти навбатӣ дар мавзӯъи қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори кумиҷроияи вилояти баргузор гардид. Дар машғулияти навбати сармутахссиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД вилояти Суғд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён иштиорк намуданд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Акбарзода Маъруф иштирокчиёни Мактаби бозомӯзии захираи кадриро бо меҳмон шинос намуда суханро ба сармутахссиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД вилояти Суғд дод. Меҳрафкан Мирзоҳофизиён дар мавзӯъи қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд ва аз иштирокчиёни Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ даъват ба амал овард, ки сади роҳи исрофкорӣ ва ба маданияти либоспӯшии миллӣ арҷ гузоранд. Пас аз маърӯзаи пурмӯҳтаво иштирокчиёни Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ бо сармутахссиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД вилояти Суғд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён саволу ҷавоб намуда дониши хуро оиди қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қавитар намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>