Вохӯриҳо бо ҷавонон

???????????

АЙНӢ. Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахши кор бо занон ва ҷавонони  Комиҷроия силсилаи вохӯриҳоро бо ҷавонон ба роҳ мондаанд. Рузи гузашта дар Литсейи касбӣ-техникии Айнӣ бо донишҷӯён вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Дар вохӯриҳо доир ба дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадаанд, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бо ҷавонон гуфтугузор  карда  шуд. Ҳамзамон зимни сӯҳбат қайд гардид, ки шароит дар қисмҳои ҳарбӣ хеле хуб аст  ва ҷавонони мо бояд аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саркашӣ накунанд. Ҷавонон бояд ҳамеша ба дифои Ватани маҳбуб омода бошанд. Дар вохӯрӣ инчунин   доир ба эҳтиром ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ бахусус ба фарҳанги либоспӯшии занону духтарон бо духтарон сӯҳбат гузаронида шуд. Ҳамин гуна вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва деҳаҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>