Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ

2

ШАҲРИСТОН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо нафароне, ки нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, мулоқот анҷом доданд. Мақсади мулоқот пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки аз Барномаи ҲХДТ бармеояд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоативу бекорӣ, пешгирӣ намудани сафари ҷавонони бе касбу кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баргардонидани онҳо  ба Ватан ва таъсиси хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ буд. Иштирокдорон иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар амалӣ гаштани ин ҳадафҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>