Мулоқот бо аҳолӣ

P1220013

БӮСТОН. Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст. Рузи гузашта дар якҷоягӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратураи шаҳр ва  шуъбаи Вазотари корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Бӯстон вохӯрӣ бо аҳолӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи   “Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста” доир шуд. Мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои “Сулҳ” ва “Гулистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр баргузор шуд ва дар он баромадкунандагон роҷеъ ба масъалаҳои риояи қонунҳои зикгардида, исрофкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>