Ҷавонон ва рисолати онҳо дар ҷомеаи муосир

20171020_102056

СПИТАМЕН. Маҳфили мубоҳисаи сиёсии бонувон, ки чанде пеш дар назди шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ таъсис дода шуд, ба мавзӯи «Одоб ва ахлоқи ҷавонон дар ҷомеаи муосир» бахшида шуд. Маҳфил дар ноҳияи Спитамен бо ширкати аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, шӯрои занон ва собиқадорон сурат гирифт. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ойбек Насруллоев маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми ҲХДТ дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа нек арзёбӣ намуд. Раиси Шурои духтарони кумиҷроияи вилоят Азиза Мирзохӯҷаева дар бораи одоби муоширати ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шомилшавии ин қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои манъ шуда ҳарф зада, қайд кард:  «Имрӯз вазифаи ҷонии мо ҳизбиён он аст, ки дар зеҳну шуури ҷавонон танҳо ҳадафҳои созанда ва ояндабинонаро ҷо намоем. Онҳоро бештар талқин кунем, ки ба театр ва китобхона раванд ва ғизои маънавии бештар гиранд. Дониш, ки мустаҳкам шуд ҷавон гумроҳ намешавад. Зиндагиро бо ақлаш мешиносад”. Мамадҷонова Дилбар собиқадори ҳизб дар мавриди ахлоқу одоби ҷавонон сухан карда, афзуд, ки мутаассифона дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки бо хотири пулу сарварат шуда, муқаддастарин махлуқоти заминӣ модари худро ба доми фиреб мекашанд. Ин гуна ҷавононро агарчи оила тарбия карда натавониста бошад, пас мо аҳли ҷомеа тарбия бояд кунем. Дигар иштирокчиён низ дар баромадҳояшон барои беҳбудии кор дар самти тарбияи маънавии ҷавонон таклифҳои судманд доданд. Бо ҳамин кори маҳфили мубоҳисаи сиёсӣ ба кори худ анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>