Тренинги «Созандагони Ватан»: «Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ»

20161026_125732

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Имрузҳо нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамалакат ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин басо назаррас ба чашм мерасад. Хушбахтона солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат нисбати дастгирии ҷавонон бештар гардида истодааст. Такя бар дастгирию ҳидоятҳои сулҳчӯёнаи Сарвари давлатамон, ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми нерӯ ва қувваи худро баҳри аз худ намудани дониш ва барои ободии диёри махбубамон сафарбар намоянд. Ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашаванд ва ҳаммаслакони худро аз роҳҳои бад боздошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Зеро ҷавонон метавонанд, ватани маҳбуби худро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб нигоҳ доранд.  Рӯзи гузашта намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилоят бо донишҷӯёни фаъол тренинг дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ» доир намуд. Дар ин чорабинӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Маъруф Акбарзода ширкат варзида, оиди таъсисёбии ин ташкилот ва дар бораи мафҳум ва мақсадҳои ҲХДТ маълумот дод. Дар рафти тренинг аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» Меъроҷ Абдураҳмонов якчанд мавзӯҳои мубрами рӯз ба муҳокима гузошта шуд,  ки дар он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки ин тренинг ҳар моҳ як маротиба аз ҷониби намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд доир карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>