Парчам рамзи давлатдории мост

11745630_1592588954336775_8309662898653563902_n

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ҳизбии вилоят баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади таҷлили пуршукуҳи Рӯзи Парчам ташкили мулоқоту вохӯриҳо дар идораву ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва миёнаи касбӣ дар мавзӯи “Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ”, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Парчам рамзи давлатдории мост” дар байни хонандагони макотиби миёна, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар мавзӯи “Эҳтироми рамзҳои давлатӣ – эҳтироми миллат аст” соати ягонаи сиёсӣ гузаронида хоҳад шуд.Дар ин хусус фармоиши Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба имзо расида, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидани чорабиниҳои Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин вазифадор гаштаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>