Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд

харби

СУҒД. Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд то ба санаи 1 ноябр ба андозаи 92,2 фоиз иҷро шуд. Тавре аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ доданд, то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” сурат мегирад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>