Бахтномаи миллат

DSC05855

ГУЛИСТОН. Бахшида ба «Соли Ҷавонон», «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар «Ташкилоти ибтидоии шаҳраки Консой», муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 3 бо фаъолони ҳизб, ҷавонон, занон  вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна дар мавзӯъи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардида, азму ирода мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Ин санади тақдирсоз аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамоми арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон эълон шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандонамон дар татбиқи меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва риояи бечунучарои он кафолатдода, чун раҳнамои ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷикон ва тоҷикистониён хизмат менамояд…  Раҳимова М. А — мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии Иҷлосия  баромад намуда қайд кард, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳое мавҷуданд, ки дар сарнавишти таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, ҳар яки онҳо боиси оғози марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсози кишварамон гардидаанд. 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16-уми  ноябр то 2-юми декабри соли 1992), Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйдиҳии умумӣ ба вазифаи Президенти кишвар интихоб шудани муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба маънои томаш воқеаҳои муҳимтарини тақдирсози миллат. Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи анҷумани ормонҳои миллат, сулҳу ваҳдат, эъмори давлат гардида, маҳз дар ҳамин Иҷлосия сарнавишти минъбадаи давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон тарҳрезӣ, муайян ва мушаххас гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — оромӣ ва амният, сулҳу ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва давлат қадамҳои устувор гузошта шуд. Дар ин роҳ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин Иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, бениҳоят бузург аст. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ  ҳамчун воқеаи фараҳбахш ба таърихи Тоҷикистони навин ворид гардид, ки солгарди онро ҳар сол дар кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд…  Дар поёни вохӯрӣ роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Тоҳирова М. оид ба мавзӯъи «Ҷавонон нерӯи ояндасози миллат» баромад намуда, ҷавононро ба он даъват намуд, ки ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забони хориҷӣ, омӯзиши компютер ва дигарҳо саъйю талош намоянд. Ҳамчун мутахассисони замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир ба воя расида. барои Тоҷикистони азизи худ саҳми арзандаи худро гузоранд. Вохӯрӣ бо пурсиш ва посухҳои мушаххас ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>