Вохӯрии навбатӣ дар ЛКСК

20171101_151127

КОНИБОДОМ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф ва Шарипов А бо донишҷӯён ва омӯзгорони Литсейи касби саноти кишоварзии шаҳр бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар вохӯри сарвари ЛКСК Саримсоқов А, кормандони КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф ва Шарипов А  мақсад ва мароми вохӯрии имрӯзаро, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тибқи нақша чораҷӯиҳои 25 солагии Иҷлосияи XVI-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммаи Коллеҷҳо ва Литсейҳо ва инчунин дар ташкилоту массисаҳои шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон гузаронида шуда истодааст суханронӣ намуданд. Сипас якҷоя навори ҳуҷҷатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ «Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ», ки дар он рӯзҳои вазнинии даврони истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ,  ҷонбозиҳои пешвои миллат барои барқарор сохтани сохти Конститутсионӣ, баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ ва дар кадом шароит Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхуҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида шудааст, намоиш дода шуд. Дар анҷом саволу ҷавоби озод байни иштирокчиён баргузор гардид ва иштирокчиён барои чунин вохӯрӣ миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>