Конститутсия – кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон

IMG_2420

АШТ. Рӯзи гузашта дар мавзӯи «Конститутсия-кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии хоҷагиии ҷангали ба номи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт бо иштироки кормандони он хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Абдураҳмонов Ш ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳияви ҳизб Рузиматов Д иштирок ва баромад намуданд. Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Н.Ҳувайдуллоев Парпиев О. оғоз бахшида, дар бобати қабули Конститутсия ва тағйиру иловаҳо ба он тариқи раъйпурсии умумихалқӣ маълумот дод. Баъдан оиди ин мавзӯъ аъзои ҷавони ҲХДТ муҳосиби муассисаи мазкур Дадоҷонов А. ва ҷангалбон Орифов Х. ба сухан баромада қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аризиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи мо давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва мо бояд ҳамчун шаҳрвандони ин давлат барои рушду нумӯи он ҳамеша кӯшиш намоем ва саҳми худро гузорем. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>