Иҷлосияи наҷотбахш

Recoverd_jpg_file(7741)

ПАНҶАКЕНТ. Бахшида ба Соли Ҷавонон, 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсия дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон»  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 123 нафар кормандони Шабака иштирок доштанд. Чорабиниро Ш. Шарифов хусни оғоз бахшида ба  Ҳамида Холова раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб сухан дод. Ӯ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ, истиқлолият ба даст оварда ҳаёти навини худро оғоз намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва меъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Агар ба саҳифаи 26 солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст. Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шӯъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 26 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфта­аст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем ва Ватан-Модари худро ҳимоя намоем. Аз ҷониби ҷавонон дар бораи Соли ҷавонон, Иҷлосияи тақдирсоз ва Конститутсия баромадҳо карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>