Вохӯрӣ бо адибони ваҳдатсаро

20171101_094550

ҶАББОР РАСУЛОВ. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии котиби Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Абдуҳаким Шарипович, муовини раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависанда Маъруф Бобоҷон ва муовини Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳматуллоев Садриддин доир гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони КИН ҲХДТ, собиқадорони ҳизб, фаъолон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Шарипов А.Ш  оиди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки: «Дар замоне, ки ин иҷлосия баргузор гардид, давлату миллати тоҷик рӯзҳои сангину нангинеро аз сар мегузаронд. Ин иҷлосия пеши роҳи нобудшавии миллату давлатро гирифт ва ба ин миллат Сарвари оқилу доноеро тақдим намуд, ки ақлу заковати азаливу аҷдодии миллати тамаддунофари моро бар ҷаҳолат пирӯз гардонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои Сарвари хирадпеша мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Тамоми ҷонфидоиҳо ва талошу ҷидду ҷаҳдашонро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ба инобат гирифта он касро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат интихоб кардем. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвогии миллат сазоворанд. Ҳамаи он ваъдаҳоеро, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллати тоҷик дода буданд, сад дар сад иҷро намуданд, ки бузургтарини онҳо пешгирии хунрезӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва баргардонидани гурезагони иҷборӣ мебошанд». «Яке аз музаффариятҳои даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро анҷом диҳем. Ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар роҳи сулҳу амният, баҳри осоиштагии халқи азиз буданд, ки ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ расидем. Аслан, Ваҳдат ва Истиқлолият мафҳумҳои  ҳамрадиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории Ваҳдати комил Истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими Истиқлолият ҳамчун замина барои такомули  Ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми тоҷикистониён хизмат менамояд.     Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба давлатдории миллӣ ва эъмори  ҷомеаи демократӣ расид.    Якдилию ваҳдат таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Ҳар давру замон шахсони оқилу донои худро дорад, ки ҳаракат мекунанд халқҳоро муттаҳид ва дӯстиву рафоқатро пойдор гардонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ягонагиро ба даст овард ва ба ҳаёти созандаю бунёдкорӣ машғул аст. Сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, халқи меҳнаткаши Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон мебарад»,- иброз дошт Маъруф Бобоҷон.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>