Воқеаи муҳим ва сарнавиштсоз

1

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Чашмасор бахшида ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз вохӯрӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеъа баргузор гардид.  Дар оғози вохӯрӣ  раиси ҷамоати деҳоти Чашмасор, раиси ташкилоти ибтидоии минтақаи Чашмасор Исманова Нигора, баромад намуда ҳозиронро бо мазмуну мӯҳтавои вохӯрии мазкур шинос намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқимзода Н дар баромади худ қайд кард, ки Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти таърихии худ дар давраи баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар таҳким ва бақои сохти давлатдории тоҷикон, ҳамчунин дар якпорчагии сарзамини тоҷикон нақши босазое дорад. Хизмати аз ҳама бузурги Иҷлосия дар назди таърих он аст, ки халқи моро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Вай саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон кушод, оғози воқеии раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллиро асос гузошт. Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>