Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат!

кив дарси кушод

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, бедор кардани ғурурӣ миллӣ, гиромидошти арзишҳои ватанӣ, ҷалби ҷавонон ба эҳтироми арзишҳои муқаддаси ҳизбӣ ва сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи гузашта аз тарафи роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Акбарзода Маъруф дарси кушод дар мавзӯи “Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат!” бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳри Бӯстон гузаронида шуд. Ба дарси кушод хонандагони синфи боли мактабӣ, фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷалб шудаанд. Маъруф Акбарзода дар бораи таърихи қабул, нақш ва мақоми Конститутсия дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва хусусан ҷавонон, ҳамзамон бобати мақсад, маром ва вазифаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар татбиқи ғояҳои ҳизбӣ васеъ истода гузашт. Мавсуф қайд кард, ки имрӯз Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро ҳифз мекунад, зеро чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.” Имрӯзҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд.  Чорабинии мазкур ба ҷавонон хеле писанд омад, зеро бо як навъи хоса баргузор гардид, чунончи дар дилхоҳ вақт ҷавонон метавонистанд, фикру дархост ва саволҳои худро бевосита диҳанд. Бар замми ин ҷавонон ба музокира баромада фикру мулоҳизаҳои худ бобати Конститутсияи ҶТ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигарҳо баён карданд. Дар давоми дарс ҷавонон хеле фаъол буданд. Дар охир бо қаноатмандӣ ҷавонон қайд карданд, ки минбаъд дар бари  ТҶҶ “Созандагони Ватан” истода иқдомҳои онро бо шавқу рағби хоса дастгирӣ хоҳанд кард, зеро он ифодакунандаи манфиатҳои ҷавонон аст.  Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд дар оянда низ чунин вохӯриҳоро бо ҷавонон мунтазам гузаронида, баҳри ҷалби онҳо ба корҳои ободонӣ  ҳиссаи худро хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>