Санади сарнавиштсози миллат

20171102_090236

АЙНӢ. Тибқи нақшаи корӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахши кор бо занон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба истиқболи 23-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро дар ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ менамояд. Рӯзи гузашта дар Беморхонаи Марказӣ бо донишҷӯёни гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи тиббӣ вохӯрӣ таҳти унвони “Санади сарнавиштсози миллат” бо иштироки васеи донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шуд. Зимни сӯҳбат Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ доир ба моҳияти  Конститутсия чун санади сарнавиштсози миллат суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард : “Дар таърихи ҷомеаи башарӣ санаду ҳуҷҷатҳои зиёде маҳфуз мондаанд, ки онҳо дар шинохти ин ё он халқу миллатҳо , сатҳи тамаддун ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо нақши арзанда доранд. Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки Конститутсияи  Ҷумхурии  Тоҷикистон  аз ҷониби  Созмони  амнияту  хамкории Аврупо яке  аз  панҷ  Конститутсияҳои беҳтарини  давлатҳои  аъзои  ин  ташкилоти   муътабари   байналмилалӣ   эътироф гардидааст ва ба  арзишхои  башарӣ такя  намуда, дорои  як  силсила  хусусиятҳои  хос мебошад. Дар  асоси  моддаи  якуми ин  хуччати  сарнавиштсоз  Чумхурии  Точикистон  хамчун  давлати   сохибихтиёр, демократӣ хукукбунёд, дунявӣ  ва  ягонаи хусусияти   ичтимоидошта  барои  хар як  инсон  шароити  арзандаи зиндагӣ   ва  инкишофи озодонаро фарохам  меорад. Дар  ин  замина  яке  аз  хадафхои  асосии  сиёсати давлат  баробар бо рушди  иктисодиёт  беҳтар  гардонидани   сифат ва сатҳи   зиндагии  мардум  ва  таъмини  шоистаи  хифзи ичтимоии   табакахои  ниёзманди  ахолӣ   мебошад.Дар даврони  сохибистиклолии мамлакат  бахри  рушди  тамоми   сохахо  тадбирхои  зиёде  амалан ичро  шудаанд”.  Дар  охир  донишҷуён  барои  ба  сафи  ҲХДТ  дохил  шудан  аризаҳои  худро  пешниҳод  намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>