Роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд

fattoevyapa

Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Мо ба он хотир ба ин иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки ба шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем. Таъкид намудан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳамаи ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Бинобар ин, дар бораи он солҳо аз мавқеи имрӯза сухан гуфтан осон менамояд. Он вақт ҳар рӯз як хабари нав, як рӯйдоди фоҷианоку даҳшатбор, куштори ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори мухталиф, талошҳои ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумандонҳоро мешунидем, ки ин ҳолат, воқеан ҳам, барои мардуми мо воҳиманок ва ташвишовар буд. Яқинан, халқу миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон, ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд. Бо даъват шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт. Зимнан, дастоварди муҳиму тақдирсози иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Ба навиштаи бархе аз таърихнигорони дохилу хориҷи кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, бозёфти ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин раҳми Худованд буд, ки маҳз ҳамин шахс барои ором сохтани вазъи муташанниҷ ба зуҳур омад. Бо вуҷуди муддате идома ёфтани ҷангу ҷидоли миёни тоҷикон иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо, нафрату бадбиниҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо наҷот дода шуд. Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки ягон фарди дигар аз уҳдаи чунин рисолат баромада наметавонист. Барои қиёс бигирем Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷиб на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомӯш кард ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро барҳам зад, балки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшид. Маҳз дар Иҷлосияи XVI Сарвари давлат ҳамоно баъди интихоб шудан аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал овард, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр — Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона, тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарории сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Аз ҳамин давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Бинобар ин, мардуми мамлакат иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда унвон кард. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Дар бораи нақши муҳими Иҷлосияи XVI воқеанигорон ва таърихнависон фикру ақидаҳояшонро аллакай баён доштаанд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон — Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Ҳарчанд ки   мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони шӯравӣ фаъолият мекардем. Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шурӯъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем. Шароити мусоид ба вуҷуд омад, то сохти давлатдориамонро такмил диҳем, қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид кунем. Дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест. Бинобар ин, ҳамоно баъди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри давлатсозиамон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд. Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр гардида, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шаванд.  Ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлолӣ нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саъю талоши мардум аз эҳтирому риояи ҳамешагии он башорат медиҳад, ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузошта истодааст.

 

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>