Таъсиси ташкилоти ибтидоии нав

DSC05889

ГУЛИСТОН. Дар урдугоҳи “Шоҳин”-и шаҳр ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ёздаҳ нафар аъзо таъсис ёфт. Дар маҷлиси ҳизбии корхонаи мазкур раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб-Қосимова К.М ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Раҳимова М.А иштирок намуданд. Қосимова К.М баромад намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, барномаи он, ки ҳамчун барномаи амали Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст ва талаботҳои “Низомнома”-и ҳизб суханронӣ намуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар урдугоҳи “Шоҳин” Маҳмудов Рустам Мирзомуродович  интихоб гардид.  Дар маҷлис дар ҳузури кормандон ба панҷ нафар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.  Қосимова К.М таклиф ба миён овард, ки сафи ҳизбиён бояд дар корхона зиёд гардад ва ташкилот яке аз ташкилотҳои беҳтарин гардад. Ба ғайр аз ин обунаи рӯзномаҳои ҳизбӣ ба роҳ монда шуда, бастаҳои онҳо дар гӯшаи ҳизбӣ нигоҳ дошта шавад.  Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ хоҳиш намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар дар урдугоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон   аз тарафи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  ба расмият дароварда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>