Пешвои миллат – эҳёгари қувваҳои мусаллаҳ

P1080069

ДЕВАШТИЧ.  Дар доираи нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич оиди иҷроиши иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Ҳимояи Ватан – рисолати мо ҷавонон аст!» бахшида ба Рӯзи Президент ва 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0214-и ноҳияи Деваштич ба намоиш гузоштани филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Эмомали Раҳмон-меъмори сулҳу Ваҳдат” аз ҷониби намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷояги бо намояндагии бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ташкил ва баргузор гардид. Дар хотимаи намоиши филми мазкур, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир ба нақши Пешвои миллат дар пурзӯр намудани Артиши миллӣ, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолият ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI сухан ронд. Ва бори дигар ба сарбозону афсарон таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард аст. Дар фароварди чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилкунандагон ба сарбозону афсарон маводҳои тарғиботӣ ва лавозимоти тиббии ёрии аввал супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>