Адолат Ҳайдарова «Муаллими сол»

10_200x267

ХУҶАНД. Ҳар сол чун анъана дар чаҳор марҳила баргузор шудани озмуни «Муаллими сол» дар шаҳри Хуҷанд рамзи эҳтиром ва гиромидошти садоқати бепоён ва нақши босазои омӯзгор дар тарбияи насли навраси шоистаи даврон мебошад ва аҳамияти он аз пешрафти донишу маҳорат ва малакаву истеъдоди эҷодкории омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Озмуни мазкур ба рушди фаъолияти эҷодии омӯзгорон омӯзишу баррасии таҷрибаи пешқадами педагогӣ, пешниҳодҳои инноватсиониву технологӣ, ва усулҳои фаъоли таълим мусоидат менамояд. Ҳадафи озмун дарёфти омӯзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд. Дар озмуни имсола, ки мушкилтарин сабқати донишу маҳорат ва ҳунари истеъдоди омӯзгорист, 29 нафар омӯзгорони шаҳр ширкат варзиданд. Аз ин ҳайат 15 нафарашон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд, Ҳашт нафари онҳо ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ки инҳо Адолат Ҳайдарова, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ, мактаби хусусии Пӯлотов, Муқаддас Алиева, омӯзгори фанни математикаи МТМУ№11, Саноат Тиллохӯҷаева, омӯзгори фанни забони тоҷикии МТМУ№20, Маҳина Раҳимова омӯзгори фанни математикаи МТМУ№31, Фаридун Қосимов омӯзгори фанни математикаи МТМУ№ 2, Соҷида Бобоева, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ№ 23, Маниҷа Самадова, омӯзгори фании забони хориҷии МТМУ№ 21, Манзура Шокирова, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ№28 мебошанд. Ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян намуданд. Мақоми аввал ва дипломи дараҷаи якум насиби омӯзгори фанн технологияи иттилоотии мактаби хусусии Пулотов Адолат Ҳайдарова гардид. Ҷойи дуюмро Саноат Тиллохӯҷаева (МТМУ №20) ва Муқаддас Алиева (МТМУ№11) сазовор гаштанд. Маҳина Раҳимова (МТМУ№31) ва Фаридун Қосимов (МТМУ №2) сазовори мақоми сеюм гардиданд. Ба ғолибони даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» ва ҳамаи иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>