«Конститутсия — кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон»

20171103_124824

БӮСТОН. Тибқи нақшаи  кории  КИ ҲХДТ дар вилоят оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии  кумиҷроияҳо  дар ташкилоти ибтидоии «Маърифат»-и КИ  ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  хониши сиёсӣ  дар мавзӯи «Конститутсия  — кафили  таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор гардид. Дар  дарси сиёсӣ гурӯҳи тарғиботчиён ва аъзоёни кумиҷроияи  шаҳрӣ иштирок варзида,  оид ба татбиқи  ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.  Аз ҷониби  раиси  гурӯҳи тарғиботчиёни назди КИ ҲХДТ дар шаҳр Қудратов Б.Б. доир ба татбиқи  усули  конститутсионии «халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва  сарчашмаи  ягонаи  ҳокимияти давлатӣ» сухан кард.  Номзади илмҳои таърих Абдуллоев И.Р. оид ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузории кишвар дар таъмини соҳибихтиёрии сиёсӣ иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ бо ҳифзи муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои дунё, густариши раванди ташаккули  институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад намуд.  Гузаронидани чунин хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои  ибтидоии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>