Мулоқот бо иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз

конфронс-ичлосия1

СПИТАМЕН. Бахшида ба санаҳои таърихии моҳи ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла  25 солагии Иҷлосияи XVI-уми   Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки толибилмон, омузгорон, ҷавонони кору касбашон гуногун мулоқот-вохӯрӣ  баргузор гардид.   Дар ин вохӯрӣ, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроия Болтуева В, сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилоот Муҳитдинова У, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Фозилов Ғолибҷон, кормандони ташкилоти ибтидоии Тағояк,  омӯзгорони МТМУ №7 ва  ҷавонони кору касбашон гуногун  деҳаи хушманзараи Тағояк иштирок намуданд. Саравввал, бахшида ба ин санаҳои таърихӣ, аз тарафи ҷавонони фаъоли ташкилоти ибтидоӣ  маърӯзаҳои пурмазмун қироат карда шуд. Сипас  Муҳитдинова У баромад намуда  бо фарорасии  Рӯзи Кониститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо 25-солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсоз аз номи Роҳбарияти Олии ҲХДТ ҳозиринро табрик намуд. Роҷеъ, донишҷӯи бахши чоруми факултети «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ» -и ДДХБСТ Муҳитдинов Абдумалик, оиди Иҷлосияи тақдирсоз, ки барои ҳаёти имрузаи мо нақши муҳим офаридааст, фикру андешаҳои худро баён намуда гуфт, ки шукрона кунем, ки чунин Ватани биҳиштосо дорем. Дар баромадаш иброз намуд, ки моҳи ноябр — моҳи идҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сипас, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Фозилов Ғолибҷон баромад намуда, хотираҳои 25-солагии худро саҳифагардон намуд. Ба аҳли нишаст аз хотираҳои Иҷлосияи мазкур ёдовар шуда бо эҳсосоти хеле баланд ба ин рӯзҳои неки истиқлолӣ, ки бо  ҷонбозиҳои Президенти кишвар ба даст омадааст,  шукргузорӣ намуд. Аҳли нишаст, хусусан ҷавонон ба саволҳои хеш, оиди баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсоз, аз   Фозилов Ғолибҷон,  ҷавобҳои аниқ ва фаромушнашаванда гирифтанд. Баъд, Болтуева В баромад намуда  барои иштирок ва сӯҳбати гарму ҷӯшон ба Фозилов Ғолибҷон миннатдорӣ баён намуд. Даъват намуд, ки ин сарзамини биҳиштосоро бояд ҳифзу обод ва баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.   Чун анаънаи неки ҳизбиён, ба  20 нафар аъзоёни нав, дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.  Аз тарафи роҳбарияти ташкилоти ибтидоии «Тағояк» ба иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Фозилов Ғолибҷон  тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар қаламравии ноҳия идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>